Тавзеҳот ба лоиҳаи Кодекси экологӣ
Душанбе, 28.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Тавзеҳот ба лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки ҳадафи таҳияи лоиҳаи Кодекси экологӣ аз такмили асосҳои ҳуқуқии танзими давлатии ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ дар асоси мувозинати манфиатҳои экологӣ ва иқтисодии ҷомеа, инчунин фароҳам овардани шароит ба экологиякунонии иқтисодиёти кишвар мебошад. Лоиҳаи Кодекси экологӣ аз 2-қисм, 10-фасл, 33-боб ва 236 модда иборат буда, ҳимояи манфиатҳои экологии ҷомеа ва амнияти экологии ҷумҳуриро таъмин менамояд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки таҳияи Кодекси экологӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ ва мустақилияти қонунгузории экологӣ дар низоми ҳуқуқи кишвар мусоидат хоҳад кард. Лоиҳаи Кодекси экологӣ аз ҷониби аъзои Комиссияи экологӣ ва коршиносони соҳаҳои гуногун таҳия гардидааст.10.56.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






