Техникаи фаврӣ барои ташхис
Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 12 марти соли 2014 дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар чорчӯбаи “Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар”-и фармондеҳии марказии ИМА маросими супоридани таҷҳизоти идоравӣ, техникаи фаврӣ, асбобу анҷом ва лавозимот барои гузаронидани ташхиси кимиёвии воситаҳои нашъадор баргузор гардид.
Дар чорчӯбаи ин барнома ҳукумати ИМА рушди инфрасохтор, барномаи омодасозӣ, кӯмаки техникӣ ва дастгирии агентиро таъмин менамояд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти агентӣ хабар доданд, таҷҳизот барои пурзӯр намудани мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул мебошанд, пешбинӣ шудаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






