Тоҷикистон- паноҳгоҳи 1 918 гуреза

Март 13, 2014 11:36

Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Имрӯз, 13 март  вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сабер Азам — ҳамоҳангсози минтақавии Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ ва Хосе Эуседа — роҳбари Намояндагии ҳамин Раёсат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамкориҳо оид ба масоили гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯянда ва бешаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ҳазору 918 гуреза ва паноҳҷӯянда иқомат дорад.
Бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи муштарак оид ба ҳалли масъалаҳои гурезаҳо амал менамояд, ки дар он намояндагон аз вазорату идораҳои дахлдор шомил мебошанд. Дар ин комиссия намояндагони Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ҳамчун мушоҳидачӣ ширкат меварзанд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба тағйироту иловаҳои воридшуда ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» табодули афкор намуда, зикр  карданд, ки қонуни мазкур ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ доданд, вазири корҳои дохилӣ ба ҳамоҳангсози минтақавии Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ Сабер Азам ва роҳбари Намояндагии ҳамин Раёсат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хосе Эуседа барои ҳамкории мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуд. 
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ анҷом пазируфта, ҷонибҳо аз минбаъд низ тақвият ёфтани ҳамкориҳо изҳори умедворӣ намуданд.

Март 13, 2014 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст