Тоҷикистон- паноҳгоҳи 1 918 гуреза
Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз, 13 март вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сабер Азам — ҳамоҳангсози минтақавии Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ ва Хосе Эуседа — роҳбари Намояндагии ҳамин Раёсат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамкориҳо оид ба масоили гурезаҳо, шахсони паноҳҷӯянда ва бешаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ҳазору 918 гуреза ва паноҳҷӯянда иқомат дорад.
Бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи муштарак оид ба ҳалли масъалаҳои гурезаҳо амал менамояд, ки дар он намояндагон аз вазорату идораҳои дахлдор шомил мебошанд. Дар ин комиссия намояндагони Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ҳамчун мушоҳидачӣ ширкат меварзанд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба тағйироту иловаҳои воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» табодули афкор намуда, зикр карданд, ки қонуни мазкур ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ доданд, вазири корҳои дохилӣ ба ҳамоҳангсози минтақавии Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ Сабер Азам ва роҳбари Намояндагии ҳамин Раёсат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хосе Эуседа барои ҳамкории мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуд.
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ анҷом пазируфта, ҷонибҳо аз минбаъд низ тақвият ёфтани ҳамкориҳо изҳори умедворӣ намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






