Тоҷикистон Русияро шарики стратегии худ медонад
Душанбе, 13.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Таҳкими равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Русия дар ҷараёни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Валентина Матвиенко-раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар Душанбе матраҳ гардид.
Зимни мулоқот таъкид шуд, ки баъди ба имзо расидани «Созишнома оид ба ҳамкории парлумонӣ дар соли 2006» дар ин самт гуруҳи корӣ таъсис дода шуд.
Ҳамзамон изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии Валентина Матвиенко-раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти фарохро дар самти ҳамкориҳои мутақобилан судманд фароҳам меорад. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи Русияро шарики стратегии худ медонад ва дар бахши тавсеаи равобити ҳасанаи Душанбеву Маскав тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, мусоҳибон ҳамзамон масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






