Тоҷикистон Русияро шарики стратегии худ медонад

Март 13, 2014 10:08

     Душанбе, 13.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Таҳкими равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Русия дар ҷараёни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Валентина Матвиенко-раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар Душанбе матраҳ гардид.
    Зимни мулоқот таъкид шуд, ки баъди ба имзо расидани «Созишнома оид ба ҳамкории  парлумонӣ дар соли 2006» дар ин самт гуруҳи корӣ таъсис дода шуд.
            Ҳамзамон изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии Валентина Матвиенко-раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти фарохро дар самти ҳамкориҳои мутақобилан судманд фароҳам меорад. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи Русияро шарики стратегии худ медонад ва дар бахши тавсеаи равобити ҳасанаи   Душанбеву Маскав тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
           Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, мусоҳибон ҳамзамон масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

Март 13, 2014 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд