Тренинги таҳлилгарон дар Тошканд
Душанбе, 03.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар пойтахти Ӯзбекистон аз 25 то 28 март тренинг оид ба усулҳои таҳқиқ ва таҳлили маълумот баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Украина ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Аз номи Тоҷикистон дар кори тренинг мутахассисони соҳаи таҳлили Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Тренинг бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони соҳаи таҳлил дар ҷодаи гузаронидани таҳқиқоти стратегӣ бо истифодаи технологияи муосир, такмили иқтидори иттилоотӣ-таҳлилӣ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои ИДМ гузаронида шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






