Тренинги таҳлилгарон дар Тошканд

Март 30, 2014 09:39

Душанбе, 03.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар пойтахти Ӯзбекистон аз 25 то 28 март тренинг оид ба усулҳои таҳқиқ ва таҳлили маълумот баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Украина ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Аз номи Тоҷикистон дар кори тренинг мутахассисони соҳаи таҳлили Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Тренинг бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони соҳаи таҳлил дар ҷодаи гузаронидани таҳқиқоти стратегӣ бо истифодаи технологияи муосир, такмили иқтидори иттилоотӣ-таҳлилӣ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои ИДМ  гузаронида шуд.
 
 
 

Март 30, 2014 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд