Туҳфаи наврӯзӣ ба хонандагони Коллеҷи тиббӣ

Март 20, 2014 09:15

Хуҷанд, 20.03.2014.( АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар арафаи ҷашни Наврӯз донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд туҳфаи идона гирифтанд. Дар коллеҷи мазкур се синфхонаи нав ба истифода дода шуд.
Тавре ки ба мо аз маркази иттилоотии шаҳрдори Хуҷанд хабар доданд, синфхонаҳои нав  бо компютер ва дигар  воситаҳои муосири технологӣ, аз қабили тахтаи электронӣ ва проэктор муҷаҳҳаз буда, маблағи умумии он 200 ҳазор сомониро дар бар мегирад. 
Дар маросими ифтитоҳи синфхонаҳо ба истиқболи ҷашни Наврӯз дар саҳни ҳавлии ин муассисаи таълимӣ донишҷӯён бо оростани хони идона таомҳои наврӯзиро ба намоиш гузоштанд.
Инчунин дар ин рӯз маросими хатнатӯи панҷ нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Хуҷанд Р.Аҳмадзода, иштирок намуда, ба соҳибҷашнҳо туҳфаҳои идона тақдим намуд.      
 

Март 20, 2014 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад