Туҳфаи наврӯзӣ ба хонандагони Коллеҷи тиббӣ
Хуҷанд, 20.03.2014.( АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар арафаи ҷашни Наврӯз донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд туҳфаи идона гирифтанд. Дар коллеҷи мазкур се синфхонаи нав ба истифода дода шуд.
Тавре ки ба мо аз маркази иттилоотии шаҳрдори Хуҷанд хабар доданд, синфхонаҳои нав бо компютер ва дигар воситаҳои муосири технологӣ, аз қабили тахтаи электронӣ ва проэктор муҷаҳҳаз буда, маблағи умумии он 200 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Дар маросими ифтитоҳи синфхонаҳо ба истиқболи ҷашни Наврӯз дар саҳни ҳавлии ин муассисаи таълимӣ донишҷӯён бо оростани хони идона таомҳои наврӯзиро ба намоиш гузоштанд.
Инчунин дар ин рӯз маросими хатнатӯи панҷ нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Хуҷанд Р.Аҳмадзода, иштирок намуда, ба соҳибҷашнҳо туҳфаҳои идона тақдим намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






