В. Матвиенко аз пойгоҳи низомии Русия боздид менамояд
Душанбе, 12 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Нимаи дуюми 12 март Валентина Матвиенко-раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд. Аз палатаи болоии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Валентина Матвиенко зимни сафар ба Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба тамаддуни давлатдории тоҷикон дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад.
Интизор меравад, ки раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар ҷараёни сафараш бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуда, масоили марбут ба таҳкими равобити Душанбеву Маскав ва соири масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои парлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангии Тоҷикистону Русияро баррасӣ хоҳад кард. Ҳамзамон В. Матвиенко Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Наврӯз» -ро дар Душанбе тамошо менамояд.
Раиси палатаи болоии Парлумони Русия ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ташриф оварда, аз Маркази хазинаи «Русский мир» боздид намуда, дар назди ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур сухан мегӯяд.
Ҳамзамон дар назар аст, ки раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон боздид намуда, бо ҳайати афсарони пойгоҳи мазкур мулоқот намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






