В. Матвиенко ба Душанбе омад

Март 12, 2014 16:36

  Душанбе, 12.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия  бо сафари расмӣ нимаи дуюми 12 март  бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ ба Тоҷикистон омад.
    Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндаи баландпояи Русия- Валентина Матвиенкоро раиси Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев истиқбол намуд. 
          Ин лаҳзаҳо дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Валентина Матвиенко- раиси Шӯрои Федератсияи Русия ҷараён дорад. Баъдан ҷаласаи ҳайати  Комиссияи Тоҷикистону Русия оид ба  ҳамкории  Шӯрои  Федератсияи  Маҷлиси Федералии  Федератсияи Русия  ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ мегарданд.

Март 12, 2014 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе