В. Матвиенко ба Душанбе омад
Душанбе, 12.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия бо сафари расмӣ нимаи дуюми 12 март бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ ба Тоҷикистон омад.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндаи баландпояи Русия- Валентина Матвиенкоро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев истиқбол намуд.
Ин лаҳзаҳо дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Валентина Матвиенко- раиси Шӯрои Федератсияи Русия ҷараён дорад. Баъдан ҷаласаи ҳайати Комиссияи Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ мегарданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






