Вазъи ҳавои кишвар дар ҳафтаи ҷорӣ
Душанбе, 05.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Рӯзҳои 4-5 март дар Тоҷикистон ҳавои гарму офтобӣ ва бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад. Бегоҳии 6 март борони начандон зиёд дар назар аст, ки то охири ҳафта идома меёбад. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво рӯзона дар доманакӯҳҳо то +7+9 дараҷа гарм мешавад .
Дар кӯҳҳо ва ноҳияҳои баландкӯҳ эҳтимол меравад борон ба барф мубаддал гардида, ҳарорат махсусан шабона аз сифр поин шавад.
Дар ин бора сардори Хадамоти обуҳавошиносии кишвар Ҷамила Байдуллоева ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Рӯзи 5 март , рӯзона ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон +16+18 дараҷа , дар вилояти Суғд +12+13 дараҷа , дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ(НТҶ) +13+15 дараҷа гарм хоҳад буд. Дар Душанбе +14+15 дараҷа гарм мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






