Вохӯриҳои Р.Назаров дар Вена

Март 19, 2014 11:47

Душанбе, 19.03.2014. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас  Темурзода).- Директори  Агентии  назорати  маводи нашъаовари назди  Президенти  ҶТ   Рустам  Назаров  дар  ҳошияи  иштирок  дар  иҷлосияи 57 –уми  Кумитаи байналмилалӣ оид ба  назорати  маводи  нашъаовар дар  шаҳри  Вена бо директори  иҷроияи  Раёсати  СММ  оид ба  маводи  мухаддир  ва  ҷинояткорӣ,  муовини  дабири  кулли  СММ Ю.Федотов  мулоқот  анҷом  дод. 
 
Назар  ба хабари Агентии   назорати  маводи  нашъаовари  ҶТ,   ҷонибҳо  дар  ҷараёни  мулоқот вазъу  тамоюлҳои  паҳншавии  маводи  нашъаовар дар  минтақа,  ҷараёни татбиқи  лоиҳаҳои  марбут ба  мубориза бо  маводи  нашъаовар  ва барномаҳои  раёсати  маводи  нашъаовар  ва  ҷинояткории  СММ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  муҳокима  намуданд. 
 
Ю. Федотов  мақоми  ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар  масъалаҳои  ташкили  назорати  гардиши ғайриқонунии  маводи  нашъаовар  ва таҳкими   ҳамкории  байналмилалӣ ва амнияти  минтақавӣ ба  дараҷаи баланд  арзёбӣ  намуд. 
 
Мувофиқи суханони Ю. Федотов,  Тоҷикистон  тайи  15  соли охир  шарики  боэътимоди   раёсати зикршудаи  СММ  дар  амри  дастгирии  татбиқи   лоиҳаю барномаҳои  мубориза бо  маводи  нашъаовар ба шумор  меравад. 
 
Раиси Агентии   назорати  маводи  нашъаовари  ҶТ  ҳамчунин  бо  муовини роҳбари Департаменти  давлатии  ИМА Робинсон  мулоқот  намуд.

 
Дар  ҷараёни  мулоқот  масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла,   татбиқи   лоиҳаи «шуъбаи махсус»,  ҳамчунин мавзӯи   назорати   гардиши  ғайриқонунии   маводи  нашъаовар ва такмили  ихтисоси  кормандони  сохторҳои  ҳифзи ҳуқуқи ҶТ  матраҳ  шуданд.
 
Дар  маросими  мулоқотҳо  Сафири  ҶТ  дар  Австрия  И.Насриддинов   ширкат  дошт.

Март 19, 2014 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе