Вохӯриҳои Р.Назаров дар Вена
Душанбе, 19.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров дар ҳошияи иштирок дар иҷлосияи 57 –уми Кумитаи байналмилалӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар шаҳри Вена бо директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, муовини дабири кулли СММ Ю.Федотов мулоқот анҷом дод.
Назар ба хабари Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот вазъу тамоюлҳои паҳншавии маводи нашъаовар дар минтақа, ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои марбут ба мубориза бо маводи нашъаовар ва барномаҳои раёсати маводи нашъаовар ва ҷинояткории СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Ю. Федотов мақоми ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаҳои ташкили назорати гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва амнияти минтақавӣ ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуд.
Мувофиқи суханони Ю. Федотов, Тоҷикистон тайи 15 соли охир шарики боэътимоди раёсати зикршудаи СММ дар амри дастгирии татбиқи лоиҳаю барномаҳои мубориза бо маводи нашъаовар ба шумор меравад.
Раиси Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ ҳамчунин бо муовини роҳбари Департаменти давлатии ИМА Робинсон мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи «шуъбаи махсус», ҳамчунин мавзӯи назорати гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва такмили ихтисоси кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҶТ матраҳ шуданд.
Дар маросими мулоқотҳо Сафири ҶТ дар Австрия И.Насриддинов ширкат дошт.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






