Вусъати корҳо дар шоҳроҳи Панҷакент-Айнӣ
Панҷакент, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-Корҳои сохтмонӣ дар асоси лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Панҷакент- Айнӣ бо суръат давом доранд.
Фахриддин Мўъминов, масъули Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди Панҷакент ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ин иншоот беш аз 120 адад техникаи сохтмонӣ ва 400 нафар коргар фаъолият дорад. Мувофиқи лоиҳа бунёду таҷдиди 32 пул дар ин шоҳроҳ дар назар аст.
«Феълан масофаи роҳи мошингард 113,6 километр ва бари он 15 метр мебошад. Ғайр аз ин, роҳҳои мошингарди маркази шаҳри Панҷакент ва боз 60 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ низ таҷдид мешавад», — идома дод Ф. Мӯъминов.
Маврид ба ёдоварист, ки лоиҳаи мазкур аз ҳисоби Ҳукумати Тоҷикистон ва қарзҳои бебозгашти созмонҳои молиявии байналмилалӣ амалӣ мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






