Вусъати ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Турсунзода

Март 10, 2014 09:30

 Душанбе,10.03.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Исломиддин Солиев, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри  Турсунзода дар бораи ҷараёни маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳия гуфт, ки бунёд ва барқароркунии боғҳо, токзор, ҷангалзор ва шинондани қаламча дар мавсими баҳори соли 2014, то ҳоло 33 ҳазору 907 ниҳол шинонида шудааст, аз ҷумла, 6661 ниҳоли мевадиҳанда, 27 246 ниҳоли ороишию сояафкан, 148 ҳазору 587 дона қаламча тайёр гардидааст. 
Ҳар рӯзи шанбе тамоми сокинони шаҳр дар маъракаи кабудизоркунӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Тибқи   нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати ошноӣ бо вазъи воқеии ҳолати муҳити зист, тозагӣ, буриши ғайриқонунии дарахтон, ифлосшавии ҷўю каналҳо ва дигар манбаъҳои обӣ, ҳолати замин  дар ҳудуди шаҳр,  ҷамоатҳои деҳот, корхонаву ташкилотҳо, муассисаву идораҳо ва хоҷагиҳо амалиёти фаврии «Экология» ҷараён дорад.  

Март 10, 2014 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе