Як соли ҳамкории Тоҷикистон ва СУС
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе таҳти васояти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Лоиҳаи ҳамкории иқтисодии минтақавӣ ҷамъомад таҳти унвони «Тоҷикистон ва Созмони Умумиҷаҳонии Савдо баъди як сол. Дурнамои нави осон гардонидани савдои ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Аз давраи узви баробарҳуқуқи Созмони Уммиҷаҳонии Савдо гардидани Тоҷикистон як сол сипарӣ шуд. Дар ҷараёни ҷамъомад зикр шуд, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои сершумор мизони миёнаи боҷи ҳамаи намуди амволи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда баробари 8 фоиз муайян шудааст. Мизони миёнаи маҳсулоти кишоварзӣ 11 фоиз ва маҳсулоти саноатӣ 7,6 фоизро ташкил медиҳад. «Ҷумҳурӣ аз рӯзи аввали пайвастан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо» дар кори он иштирок намуда, манофеи миллии худро муваффақона ҳифз мекунад»,- гуфт дар ҷараёни ҷамъомад мушовири калони масоили Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ёван Йекич. Мувофиқи суханони мавсуф, ба Тоҷикистон муяссар шуд, ки масъалаи ҳар сол барои рушди кишоварзӣ дар ҳудуди 183 миллион доллар ҷудо кардани маблағро ба нафъи худ ҳал намояд, ҳол он ки чунин имтиёз на ба ҳамаи аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дода мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






