Яке аз хиёбонҳои Душанбе номи Ҷомиро мегирад
Душанбе, 20.03.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Яке аз хиёбонҳои Душанбе-пойтахти Тоҷикистон ба номи шоир ва мутафаккири бузурги қарни ХV-и тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ гузошта мешавад. Ин пешниҳодро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташ бо зиёиёни кишвар 20 март дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ироа кард. Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки дар доираи Соли бузургдошти Ҷомӣ яке аз муассисаҳои илмиву маърифатии Тоҷикистон ба номи Мавлоно Ҷомӣ гузошта мешавад.
Сарвари давлат дар ҷараёни суханронӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти адабии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва нақши адиб дар ташаккули адабиёти садаи ХV-и тоҷик ибрози назар намуда, таъкид кард, ки имрӯз ҷиҳати пешгирӣ кардани косташавии маънавиёт ва тарғиби одоби ҳамида дар байни мардум, бахусус наврасону ҷавонон, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо ва Иттифоқи нависандагонро зарур аст, ки «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва дигар асарҳои панду ахлоқии ниёгонамонро бештар таҳияву интишор кунанд ва ба хонандагон пешниҳод намоянд.
“Бисёр андешаҳои инсондӯстонае, ки Мавлоно Ҷомӣ дар мавзӯи нигоҳ доштани ифтихору шарафи инсонӣ ва аҳамияти озодиву соҳибихтиёрӣ дар ҳаёти инсонҳо баён кардааст, ҳамоҳанги сиёсати имрӯзаи давлати соҳибистиқлоламон мебошанд”, зикр кард Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






