Яке аз хиёбонҳои Душанбе номи Ҷомиро мегирад

Март 20, 2014 12:07

     Душанбе, 20.03.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Яке аз хиёбонҳои Душанбе-пойтахти Тоҷикистон ба номи шоир ва мутафаккири бузурги қарни ХV-и тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ гузошта мешавад. Ин пешниҳодро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташ бо зиёиёни кишвар 20 март дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ироа кард. Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки дар доираи Соли бузургдошти Ҷомӣ яке аз муассисаҳои илмиву маърифатии Тоҷикистон ба номи Мавлоно Ҷомӣ гузошта мешавад. 
            Сарвари давлат дар ҷараёни суханронӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти адабии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва нақши адиб дар ташаккули адабиёти садаи ХV-и тоҷик ибрози назар намуда, таъкид кард, ки имрӯз ҷиҳати пешгирӣ кардани косташавии маънавиёт ва тарғиби одоби ҳамида дар байни мардум, бахусус наврасону ҷавонон, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо ва Иттифоқи нависандагонро зарур аст, ки «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва дигар асарҳои панду ахлоқии ниёгонамонро бештар таҳияву интишор кунанд ва ба хонандагон пешниҳод намоянд.
 
“Бисёр андешаҳои инсондӯстонае, ки Мавлоно Ҷомӣ дар мавзӯи  нигоҳ доштани ифтихору шарафи инсонӣ ва аҳамияти озодиву соҳибихтиёрӣ дар ҳаёти инсонҳо баён кардааст, ҳамоҳанги сиёсати имрӯзаи давлати соҳибистиқлоламон мебошанд”, зикр кард Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
 
 
 
 

Март 20, 2014 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад