Ёдоварӣ аз саҳми рӯзноманигорон
Душанбе, 11. 03.2014. (АМИТ “Ховар”).- Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов аҳли қалам ва рӯноманигорони тоҷикро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик таҳният гуфта, барояшон комёбиҳои эҷодӣ ва саодатмандии ҳаётро таманно намудааст. Дар табрикномаи раиси кумита омадааст: “Имрӯз воситаҳои ахбори умум дар ташаккули раванди рушду тараққиёти ҷомеаи навини Тоҷикистон нақши созовор дошта, саҳми онҳо дар инъикоси дастовардҳои давлати тозаистиқлоли мо, гиромидошти фарҳангу анъанаҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои аҷдодӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтиром ба марзу буми бобоӣ хеле барҷаста аст”.Абдураҳим Холиқов дар охир ибрози итминон кардааст, ки рӯзноманигорони тоҷик минбаъд низ бо нашри матлабҳои хеш дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар, татбиқи нақшаву ҳадафҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди минбаъдаи мамлакат нигаронида шудааст, саҳми сазовори хешро хоҳанд гузошт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






