Заҳролудшавии 40 нафар дар Ашт

Март 27, 2014 16:00

Хуҷанд, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад  Шарифзода).-Дар охири ҳафтаи гузашта дар шимоли кишвар чанд нафар сокини ноҳияи Ашт пас аз истеъмоли консерваи хонагӣ заҳролуд шудааст. Тавре ки аз Маркази санитарию эпидемиологии вилояти Суғд иттилоъ доданд, ин ҳодиса дар деҳаи Қаҳрамони ҷамоати Шодобаи ноҳияи мазкур ба вуқӯъ омадааст.  
Ба гуфтаи манбаъ, рӯзи якшанбе, 23-юми март ҳангоми таҷлили ҷашни Наврӯз дар манзили яке аз сокинони деҳаи Қаҳрамон наздики 40 нафар аз истеъмоли консерваи дастисохти помидору бодиринг заҳролуд шудааст. Сари вақт ба бемористон бурдани онҳо боиси пешгирӣ аз марги онҳо шудааст. Дар айни  ҳол 4 нафар чун бемори ботулизм, 3 кӯдак ва як зан дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи марказии ноҳияи Ашт таҳти назорати табибон қарор доранд. Инчунин 3 тан дар ҳолати миёна ва 26 нафари дигар дар ҳолати сабук дар бемористон бистарӣ шудааст. 
   Вобаста ба ин рӯзи чаҳоршанбе, 26-уми март як гурӯҳи табибон аз Вазорати тандурустӣ ба аёдати беморон рафтанд. Дар айни ҳол ба ҳамаи беморон ваксинаи зидди ботулизм гузаронида шудааст ва вазъи саломатии ҳамаи онҳо зери назорати духтурон қарор дорад.

Март 27, 2014 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст