Заҳролудшавии 40 нафар дар Ашт
Хуҷанд, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар охири ҳафтаи гузашта дар шимоли кишвар чанд нафар сокини ноҳияи Ашт пас аз истеъмоли консерваи хонагӣ заҳролуд шудааст. Тавре ки аз Маркази санитарию эпидемиологии вилояти Суғд иттилоъ доданд, ин ҳодиса дар деҳаи Қаҳрамони ҷамоати Шодобаи ноҳияи мазкур ба вуқӯъ омадааст.
Ба гуфтаи манбаъ, рӯзи якшанбе, 23-юми март ҳангоми таҷлили ҷашни Наврӯз дар манзили яке аз сокинони деҳаи Қаҳрамон наздики 40 нафар аз истеъмоли консерваи дастисохти помидору бодиринг заҳролуд шудааст. Сари вақт ба бемористон бурдани онҳо боиси пешгирӣ аз марги онҳо шудааст. Дар айни ҳол 4 нафар чун бемори ботулизм, 3 кӯдак ва як зан дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи марказии ноҳияи Ашт таҳти назорати табибон қарор доранд. Инчунин 3 тан дар ҳолати миёна ва 26 нафари дигар дар ҳолати сабук дар бемористон бистарӣ шудааст.
Вобаста ба ин рӯзи чаҳоршанбе, 26-уми март як гурӯҳи табибон аз Вазорати тандурустӣ ба аёдати беморон рафтанд. Дар айни ҳол ба ҳамаи беморон ваксинаи зидди ботулизм гузаронида шудааст ва вазъи саломатии ҳамаи онҳо зери назорати духтурон қарор дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






