10 апрел -Рӯзи Кӯшунҳои дохилӣ

Апрель 10, 2014 14:33

 Душанбе, 10.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Имрӯз бахшида ба Рӯзи таъсиси Кӯшунҳои дохилӣ дар як қатор қисмҳои низомии қӯшунҳои дохилӣ чорабиниҳои идона баргузор гардиданд.  Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии кишвар дар ин чорабиниҳо кормандони масъули соҳа ва афсарону сарбозон иштирок намуданд. 
Бо Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 1993 Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии  Чумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Тӯли фаъолияти 20-солааш он ёвари боэътимоди қувваҳои Мусаллаҳи Чумҳурии Тоҷикистон будани худро собит сохт. Ҷузъу томҳо он замон аз ҷиҳати таъминоти техникӣ номукаммал ва дар ҳайати шахсии он танҳо кадрҳои маҳаллӣ боқӣ монданд. Аксари ҷавонмардон аз ҳайати шахсии Кӯшунҳои дохилии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки хизматро адо мекарданд, воқеияти хавфу хатар доштани мухолифати дохилиро ба хубӣ дарк мекарданд. Аз ин рӯ, ҳамчун афсарони ба қисми ҳарбӣ содиқ дар сафи ватандӯстони асил ҷой гирифтанд ва баҳри осудагии мардум, сулҳу субот, истиқлоли Ватан  ҷонбозиҳо карданд. Амалиёти бобарору ҳалкунанда бар нафъи сулҳу осудагии диёр дар фаъолияти 20-солаи Кӯшунҳои дохилӣ зиёданд. Дар рӯзҳои осоишта низ онҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматии худ устуворанд. 
 Меъёри аёнияти маҳорату малакаи ҷангӣ ва омодагӣ ба корнамоию фидокорӣ дар ҳаёти осоишта ин машқҳои гуногунмавзӯи  низомӣ мебошанд. Аз машқҳои низомии муштараки сохторҳои қудратии давлатҳои аъзои ИДМ таҳти унвонҳои «Сипар», «Сипари ҷануб»-и зиддитеррористӣ маълум шуд, ки нишондодҳои ҳайати шахсии Кӯшунҳои дохилӣ фарқкунанда ва мусбат арзёбӣ гардидаанд. Хусусан иштироки онҳо дар машқҳои муштараки дараи Мағов сазовори баҳои баланди нозирони низомии байналмилалӣ гашта, унвони «Уқоби  кӯҳӣ»-ро соҳиб шуданд. Бештар аз 150 нафар афсарон, пропоршикҳо ва сарбозон бо ҷоизаҳои таъсисдодаи давлатҳои аъзои ИДМ сарфароз гардиданд. 
 
 
 

Апрель 10, 2014 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад