Ғалабаи «Равшан» бар «Вахш»

Апрель 29, 2014 11:14

Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар). —  Дастаи  «Равшан» — и  шаҳри  Кулоб  дар  даври  сеюми  мусобиқоти  Тоҷикистон  оид ба  футбол байни  дастаҳои лигаи  олӣ дар  майдони  худ  бо   ҳисоби  1:0 бар дастаи «Вахш»- и  шаҳри  Қӯрғонтеппа ғолиб  омад.
Хотирнишон  месозем, ки  довари вохӯрӣ  Насрулло  Кабиров  дар  дақиқаи  67 – ум  бозингари  кулобӣ Шодиҷон  Муродов  ва  футболбози  қӯрғонтеппагӣ  Сайдамир  Сайдаҳмадро  барои  вайрон  кардани  қоидаҳои бозӣ  аз  майдон хориҷ  кард.
Бинобар  иштироки   дастаи  мунтахаби  миллии  Тоҷикистон  дар  вохӯрии  рафиқона  бо  дастаи  Афғонистон, ки  4  май  дар  шаҳри  Душанбе баргузор  мешавад, дар  мусобиқот ду  ҳафта танаффус  эълон  шудааст. 

Апрель 29, 2014 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд