Ғалабаи «Равшан» бар «Вахш»
Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар). — Дастаи «Равшан» — и шаҳри Кулоб дар даври сеюми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ дар майдони худ бо ҳисоби 1:0 бар дастаи «Вахш»- и шаҳри Қӯрғонтеппа ғолиб омад.
Хотирнишон месозем, ки довари вохӯрӣ Насрулло Кабиров дар дақиқаи 67 – ум бозингари кулобӣ Шодиҷон Муродов ва футболбози қӯрғонтеппагӣ Сайдамир Сайдаҳмадро барои вайрон кардани қоидаҳои бозӣ аз майдон хориҷ кард.
Бинобар иштироки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар вохӯрии рафиқона бо дастаи Афғонистон, ки 4 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, дар мусобиқот ду ҳафта танаффус эълон шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






