Ғолибияти Акбархӯҷа дар озмуни байналхалқӣ
Душанбе, 1.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Донишҷӯи соли дуюми ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳати факултаи география ва экологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Акбархӯҷа Саидалиев аз миёни 45 нафар довталаби озмуни байналхалқӣ байни донишҷӯёни макотиби олии мамлакат соҳиби мақоми аввал ва сертификат гардид.
Тибқи иттилои декани факултаи география ва экологияи донишгоҳ Муъминҷон Аминов дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Донишгоҳи Қазоқистону Олмон озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Идоракунии самараноки захираҳои обӣ» баргузор гардид ва дар он аз тамоми донишгоҳҳои мамлакат 45 нафар довталаб иштирок варзид. Акбархӯҷа Саидалиев, донишҷӯйи соли дуюми ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳати факултаи география ва экологияи донишгоҳ, дар 4 марҳилаи саволҳо: идораи захираи об, сифати об, тағирёбии иқлим ва об, энергетика ва об, ки беш аз 80 саволро дарбар мегирифт, ҷавобҳои мушаххас дода, соҳиби мақоми аввал ва сертификат гардид.
Акбархӯҷа Саидалиев имкон пайдо намуд. ки дар давраи ниҳоии озмун, ки 10 майи соли равон дар Алмаато баргузор мегардад, ширкат намуда, Тоҷикистонро муаррифӣ намояд. Тибқи низомномаи озмун таъмини рафтуомад ва истироҳат дар урдугоҳи байнамилалӣ ба уҳдаи Донишгоҳи Қазоқистону Олмон вогузор гардидааст. Муваффақияти Акбархӯҷа Саидалиев бо кӯшишҳои пайваста ва пайгиронаи доктори илмҳои геология ва минерология, профессор Садриддин Абдураҳимов ба даст омадааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






