Қадрдонии вакилони парлумонҳои ИДМ
Душанбе, 18.04.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Дар доираи баргузории ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии /АБ/ кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ 18 апрел иддае аз роҳбарону вакилони парлумонҳои ИДМ, аз ҷумла раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ифтихорномаю медали рамзии АБ ИДМ сарфарз гардиданд.
Ифтихорномаю медалҳои рамзиро ба роҳбарону вакилони парлумонҳои ИДМ Валентина Матвиенко -раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия дар маросими ботантана супорид.
Бояд тазаккур дод, ки роҳбарону вакилони арлумонҳои АБ ИДМ бо назардошти саҳми муносибашон дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мардумони ИДМ дар чаҳорчӯбаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ бо ифтихорномаю медалҳои рамзии ин ниҳоди воломақом сарфароз гардиданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






