Қадршиносӣ аз хизмати журналист
Хоруғ, 9.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ зодрӯзи яке аз рӯзноманигорони шинохтаи тоҷик Назардод Ҷонбобоевро, ки ба синни 80 қадам ниҳод, ба таври расмӣ таҷлил карданд.
Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед дар маросими расмӣ аз хизматҳои шоистаи рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Назардоди Ҷонбобо ёдовар шуда, афзуд, ки саҳми устод дар рушди матбуоти точик ва тарбияи рӯзноманигорони маҳаллӣ хеле арзишманд аст. Мавсуф фаъолияти рӯзноманигории худро аз рӯзномаи вилоятии «Бадахшони советӣ» оғоз намуда, баъдан солҳои тӯлонӣ ба сифати хабарнигори рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» ифои вазифа кардааст. Аксарияти мақолахои публисистиаш баъди нашр дар ҳукумати вилоят мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирифтанд ва барои аз байн бурдани мушкилоти ёдшуда масъулин тадбирҳо меандешиданд.
Назардод Ҷонбобоев баъди ба нафақа баромадан ба гирдоварии маъхазҳои зиёди фолклориву бадеӣ машғул шуда, чандин асарҳояш роҷеъ ба сангҳои қиматбаҳо, растаниҳои шифобахш ва чашмаҳои дорои обҳои маъданӣ ба нашр расиданд.
Назардод Ҷонбобоев набераи таърихшиноси маъруфи тоҷик Баҳодур Исткандаров буда, дар деҳаи Сохчарви ноҳияи Шуғнон таваллуд шудааст ва ҳаёти беш аз 40-солаи худро ба соҳаи журналистика бахшидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






