Қазоқистон аз нигоҳи ВАО — и хориҷӣ

Апрель 10, 2014 13:17

Душанбе, 10.04.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина  Эрлих). — Иттифоқи  журналистони  Қазоқистон  бо  дастгирии  Вазорати   корҳои  хориҷии  ин  кишвар  озмуни «Қазоқистон  аз  нигоҳи  ВАО — и  хориҷӣ»  барои  маводи  беҳтарини  дар  ВАО — и  хориҷӣ  дарҷшударо  эълон  мекунад.  Дар  ин  бора  аз  Сафорати  Қазоқистон  дар  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд. 
Мувофиқи  суханони  манбаъ,  фазои  ҷуғрофии  озмун   панҷ  минтақаро  аз  қабили Амрикои Ҷанубию  Шимолӣ,  Аврупо,  ИДМ,  Шарқи  Наздику  Миёна, Осиёю Австралия  ва  кишварҳои  Океания  фаро  гирифта, аз  ҳар  минтақа  як  ғолиб  муайян  карда  мешавад. 
Барои  иштирок  дар  озмун  бояд  маводи  ҳаҷмаш  на  бештар  аз  1500  калимаи  дар  давраи  аз  7  апрел  то  15  июни  соли  2014  дар  ВАО — и  хориҷӣ  ба  забонҳои  англисию  русӣ чопшуда ба почтаи электронии  contest@mfa.kz  фиристода шавад.
Барои  ғолибони  озмун  боздид   аз  Қазоқистон,  аз  ҷумла  сафар  ба   шаҳри  Остона,  ҳамчунин   аввалин  маркази  якуми  кайҳоннавардии Байконур  ташкил  карда  мешавад. 
Шахсони  ҳуқуқию   воқеии  ВАО  кормандони  расмию  ғайрирасмии  васоити  ахбори омма,  ҳамчунин,   шахсони  воқеии  хориҷие, ки дар   қаламрави  Ҷумҳурии  Қазоқистон  ва  берун  аз  он  фаъолият  доранд,  метавонанд дар  озмун  иштирок намоянд.

Апрель 10, 2014 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад