Қочоқбарон қариб 35 кг героинро партофта гурехтанд
Хоруғ, 26.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ баъди гирифтани хабар дар бораи убури марз ва қочоқи маводи мухаддир ҳамроҳ бо гурӯҳи марзбонӣ худро фавран ба ҷои ҳодиса расонданд. Маълум гардид, ки ҳангоми баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гурӯҳи номаълум маводи нашъадор ва дигар лавозимотро партофта, ба он сӯи рӯдхона фирор намудааст. Тавре ки маълум гардид, қоҷоқчиёни афғон аз самти деҳаи Фулонии вулусволии Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон тавассути дарёи Панҷ ба ҳудуди деҳаи Роғаки ноҳияи Дарвоз маводи нашъадор ва лавозимоти ҷангиро ба тариқи қочоқ интиқол додаанд, вале ба мақсад нарасида, боз ба самти Афғонистон фирор кардаанд.
Дар минтақаи сарҳадӣ дар чор борхалта 104 адад бастаи полиэтилении бо хатти форсӣ мӯҳр шуда, ки маводи зардчатоби ба героин монанд дошт ва дар 2 борхалтаи дигар растаниҳои бангдонаи хушкида ва ба миқдори 799 адад тири қутрашон 7,62 мм ва ҳамчунин як қаиқи резинӣ дарёфт ва мусодира шуд.
Дар маҷмӯъ муайян карда шуд, ки вазни холиси маводи нашъадори героин 34 кг 855 грамм ва растаниҳои бангдонаи хушкида 16 кг 990 грамро ташкил медиҳад. Нисбат ба амали мазкур тафтиш идома дорад.
Дар ин бора аз Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






