Қочоқбарон қариб 35 кг героинро партофта гурехтанд

Апрель 26, 2014 10:48

    Хоруғ, 26.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ баъди гирифтани хабар дар бораи убури марз ва қочоқи маводи мухаддир ҳамроҳ бо гурӯҳи марзбонӣ худро фавран ба ҷои ҳодиса расонданд. Маълум гардид, ки  ҳангоми баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ   гурӯҳи номаълум маводи  нашъадор ва дигар лавозимотро партофта,  ба он сӯи рӯдхона фирор намудааст. Тавре ки маълум гардид,  қоҷоқчиёни афғон аз самти  деҳаи Фулонии вулусволии Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон тавассути дарёи Панҷ ба ҳудуди деҳаи Роғаки ноҳияи Дарвоз маводи нашъадор ва лавозимоти ҷангиро ба тариқи қочоқ интиқол додаанд, вале ба мақсад нарасида, боз ба самти Афғонистон фирор кардаанд.
Дар минтақаи сарҳадӣ дар чор борхалта  104 адад бастаи  полиэтилении бо хатти форсӣ мӯҳр шуда, ки маводи зардчатоби ба героин монанд дошт ва дар 2 борхалтаи дигар  растаниҳои бангдонаи хушкида ва ба миқдори 799 адад тири қутрашон 7,62 мм ва  ҳамчунин  як  қаиқи резинӣ дарёфт ва мусодира  шуд.
Дар маҷмӯъ муайян карда шуд, ки вазни холиси маводи  нашъадори героин 34 кг 855 грамм ва растаниҳои бангдонаи хушкида  16 кг  990 грамро ташкил медиҳад.  Нисбат ба амали мазкур тафтиш идома дорад.
Дар ин бора аз Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ хабар доданд.
 

Апрель 26, 2014 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст