Қомати хамгаштаи пирон нишони марг нест…
Турсунзода, 12.04.2014.(АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Шӯрои собиқадорон ба пиронсолон ғамхории доимӣ зоҳир менамоянд. Алҳол дар ҳудуди шаҳри Турсунзода 23 нафар ашхоси аз 100-сола то 114-сола умр ба сар мебарад. Аз ҷумла, Собира Олимова, Марзия Сатторова, Боғӣ Наҷмиддинова, Робия Абдуллоева, Малика Ризоева, Холақиз Бутаева ва дигарон беш аз 100 сол умр доранд.
Тавре ки Ҳаитбобо Ҳаитов-раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, пиронсолон гули сари сабади хонадони хешанд. Ҳар яки онҳо дар иҳотаи фарзандону наберагон даврони пирӣ доранд ва шукронаи тинҷиву оромиро доимо ба ҷо меоранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






