Қурби доллари ИМА паст шуд
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар охири ҳафтаи гузашта қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ каме паст шуда, фуруши он аз 5,0350 то 5,0200 сомонӣ коҳиш ёфт.
Ба ин тамоил фурӯши иловагии асъор аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ дар бозори нақдии асъор дар давоми ҳафтаи гузашта мусоидат намуд.
Баланд шудани қурби доллари ИМА дар ҳафтаи гузашта ба омилҳои мавсимӣ, ки анъанавӣ ба моҳҳои апрел ва май рост меояд, фаъол шудани амалиёти иқтисоди хориҷӣ ва тағйир ёфтани қурби асъорҳои минтақа, алалхусус рубли русӣ алоқаманд мебошад.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 16 апрели соли равон қурби миёнаи доллари ИМА дар шаҳрҳои Душанбе ба 5,0100-5,0300 сомонӣ, Хуҷанд ба 5,0200-5,0300 сомонӣ ва Қурғонтеппа ба 5,0200-5,0300 сомонӣ баробар шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






