Қурби доллари ИМА паст шуд

Апрель 17, 2014 10:13

Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Дар охири ҳафтаи гузашта қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ каме паст шуда, фуруши он аз 5,0350 то 5,0200 сомонӣ коҳиш ёфт. 
     Ба ин тамоил фурӯши иловагии асъор аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ дар бозори нақдии асъор дар давоми ҳафтаи гузашта мусоидат намуд. 
     Баланд шудани қурби доллари  ИМА дар ҳафтаи гузашта ба омилҳои мавсимӣ, ки анъанавӣ ба моҳҳои апрел ва май рост меояд, фаъол шудани амалиёти иқтисоди хориҷӣ ва тағйир ёфтани қурби асъорҳои минтақа, алалхусус рубли русӣ алоқаманд мебошад. 
     Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 16 апрели соли равон  қурби миёнаи доллари ИМА дар шаҳрҳои Душанбе ба 5,0100-5,0300 сомонӣ, Хуҷанд ба 5,0200-5,0300 сомонӣ ва Қурғонтеппа ба 5,0200-5,0300 сомонӣ баробар шуд. 

Апрель 17, 2014 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад