«Ҳафтаи китоби кӯдак» 70 — сола шуд

Апрель 9, 2014 08:37

Душанбе, 08.04.2014.(АМИТ «Ховар», Ҳотами  Шариф).-Имрӯзҳо фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар кулли  манотиқи кишвар хеле пурмуҳтаво идома дорад. Боиси хушнудист, ки ин чорабинии фарҳангӣ ҳар сол бо мазмуну муҳтавои нав хеле шавқовару муфид ва диққатҷалбкунанда доир мегардад. Фестивали мазкур таърихи 70-сола дорад. Соли 1944 дар айёме, ки аз саросари Иттиҳоди Шӯравӣ бӯи дуд, бӯи хун меомад, ба сари нависандаи машҳури рус Лев Кассил фикри наҷибе пайдо шуд. Фикре, ки робитаи кӯдаконро ба китобхона, ба мактаб қавӣ ва муҳаббати онҳоро бо китоб афзун созем. 
Бо ҳамин мақсад гурӯҳе аз кӯдакон ва як зумра ҳамқаламони хешро дар толори Иттифоқи нависандагони Шӯравӣ ҷамъ оварда, чорабинии ҷолибу рангинеро бо номи «Ҳафтаи китоби кӯдак» доир намуд. Сипас, таҷлили он дар як сатҳи баланди фарҳангӣ ба ҳукми анъана даромаду ба ҳафтаи ошноӣ, ба ҳафтаи тарғиби адабиёти ҷумҳурии бародар мубаддал гашт, ки то ҳанӯз идома дорад.     
 
 

Апрель 9, 2014 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе