«Ҳафтаи китоби кӯдак» 70 — сола шуд
Душанбе, 08.04.2014.(АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Имрӯзҳо фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар кулли манотиқи кишвар хеле пурмуҳтаво идома дорад. Боиси хушнудист, ки ин чорабинии фарҳангӣ ҳар сол бо мазмуну муҳтавои нав хеле шавқовару муфид ва диққатҷалбкунанда доир мегардад. Фестивали мазкур таърихи 70-сола дорад. Соли 1944 дар айёме, ки аз саросари Иттиҳоди Шӯравӣ бӯи дуд, бӯи хун меомад, ба сари нависандаи машҳури рус Лев Кассил фикри наҷибе пайдо шуд. Фикре, ки робитаи кӯдаконро ба китобхона, ба мактаб қавӣ ва муҳаббати онҳоро бо китоб афзун созем.
Бо ҳамин мақсад гурӯҳе аз кӯдакон ва як зумра ҳамқаламони хешро дар толори Иттифоқи нависандагони Шӯравӣ ҷамъ оварда, чорабинии ҷолибу рангинеро бо номи «Ҳафтаи китоби кӯдак» доир намуд. Сипас, таҷлили он дар як сатҳи баланди фарҳангӣ ба ҳукми анъана даромаду ба ҳафтаи ошноӣ, ба ҳафтаи тарғиби адабиёти ҷумҳурии бародар мубаддал гашт, ки то ҳанӯз идома дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






