Ҳайати Тоҷикистон дар курси таълимии МБС
Душанбе, 07.04.2014. (АМИТ «Ховар, Фарзона Достонзода). – Кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинар дар мавзӯи «Ҷалби сармоя ба низоми савдои бисёрҷониба», ки имрӯз, 7 апрел, дар шаҳри Женеваи Швейтсария оғоз ёфт, иштирок доранд.
Тавре ки аз Маркази байналмилалии савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, курси таълимӣ, ки то 11 апрел давом мекунад, чун курси муқаддимавии низоми савдои бисёрҷониба ва қоидаҳои тиҷорати Созмони умумиҷаҳонии савдо барои намояндагони бахши тиҷорат ва хидматчиёни давлатӣ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи суханони сармутахассиси шуъбаи Созмони умумиҷаҳонии савдо дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва яке аз иштирокдорони курси зикршуда Сӯҳроб Одинаев, аъзои ҳайати Тоҷикистон дар мавзӯи низоми савдои бисёрҷониба ва қоидаҳои савдо, ҳамчунин расмиятҳои байналмилалии ҳалли баҳсу мунозира дар мавриди савдо малака пайдо менамоянд.
Хотирнишон месозем, ки курси таълимиро Маркази байналмилалии савдо дар ҳошияи лоиҳаи дастгирии бахшҳои давлатию инфиродии Тоҷикистон барои такмили донишу малакаҳо дар бораи имкониятҳо ва проблемаҳое, ки аз узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо бармеоянд, ташкил намудааст. Лоиҳаи мазкурро Ҳукумати Швейтсария дар ҳошияҳои барномаи ҳамкории бахши савдо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






