Ҳалокати 13 нафар дар Шӯрообод
Шӯрообод, 14.04.2014. (АМИТ «Ховар»,Сулаймони Хол).-Шаби 12-уми апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи боридани боронҳои пайдарпай ва фаромадани ярч деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод хисорот дида, дар натиҷа 3 хонаи истиқоматӣ пурра зери хок монд ва 13 нафар ба ҳалокат расид. Инчунин қисми зиёди хонаҳои истиқоматӣ, иншоотҳои ёрирасон, чорвои шохдори калон ва моли майда, роҳҳои мошингард ва аксари заминҳои кишоварзӣ аз офати табиӣ зарар дида, 40 оилаи дигар ба чои бехавф кӯчонида шуд. Барои бартараф сохтани ин офати табиӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ситод ва комиссияи махсус таъсис дода шуда, дар ин самт чораҳои зарурӣ дида мешаванд. Бо супориши раиси ноҳия Амирхон Икромов техникаҳои зарурии муасисаи давлатии роҳҳои мошингарди ноҳия, инчунин кулли ташкилоту муассисаҳои ноҳия барои бартараф сохтани ин офати табиӣ равона шудаанд. Дар айни ҳол зарардидагон бо хайма ва шароитҳои лозимӣ таъмин шуда, зери назорати қатъии масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб корҳои бартарафсозиро идома дода, маблағи зарари офати табииро рӯзҳои наздик муайян месозад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






