Ҳалокати 13 нафар дар Шӯрообод

Апрель 14, 2014 09:48

            Шӯрообод, 14.04.2014.  (АМИТ «Ховар»,Сулаймони Хол).-Шаби 12-уми апрели соли ҷорӣ  дар натиҷаи боридани боронҳои пайдарпай ва фаромадани  ярч    деҳаи  Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод  хисорот  дида, дар натиҷа  3 хонаи истиқоматӣ пурра зери хок монд ва 13 нафар ба ҳалокат расид.  Инчунин қисми зиёди   хонаҳои истиқоматӣ, иншоотҳои ёрирасон,  чорвои шохдори калон ва моли майда, роҳҳои мошингард ва аксари заминҳои кишоварзӣ  аз  офати табиӣ зарар дида,   40 оилаи дигар ба чои бехавф кӯчонида шуд.  Барои бартараф сохтани ин  офати табиӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ситод  ва  комиссияи махсус таъсис дода шуда, дар ин самт  чораҳои зарурӣ  дида мешаванд.  Бо супориши раиси ноҳия Амирхон Икромов техникаҳои зарурии муасисаи  давлатии роҳҳои мошингарди ноҳия, инчунин кулли ташкилоту муассисаҳои ноҳия барои бартараф сохтани ин офати табиӣ равона шудаанд. Дар айни ҳол зарардидагон бо хайма ва шароитҳои лозимӣ таъмин шуда, зери назорати қатъии масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд. 
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб  корҳои бартарафсозиро идома дода,  маблағи зарари  офати табииро рӯзҳои наздик муайян месозад.
 

Апрель 14, 2014 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд