Ҳалокати ронанда дар роҳи Хуҷанд-Бӯстон
Душанбе, 14.04.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, рӯзи 12 апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 14:40-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Opel — Astra», шаҳрванди 20 — солаи ноҳияи Мастчоҳ, Файзмаҳмад Ҳасанов ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Хуҷанд-Бӯстон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Dulon», таҳти идораи ронанда Сироҷиддин Мирзоев, сокини 45 солаи ноҳияи Ҳамадонӣ бархӯрдааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи садамаи мазкур ронандаи мошини тамғаи «Opel — Astra», Ф.Ҳасанов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






