Ҳамадонӣ: Мубориза бар зидди малах
Ҳамадонӣ, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Аз ҷониби мутасаддиёни соҳа ва аъзои ситоди мубориза бар зидди малах дар ноҳияи Ҳамадонӣ имсол дар майдони зиёда аз 1000 гектар пайдоиши навъи малахи марокашӣ ба қайд гирифта шуд. Барои пешгирии ин ҳашароти зараррасон ҳоло дар ҳудуди деҳоти Панҷоб, Турдиев ва дигар мавзеъҳои пайдоиши малах бо истифода аз техника ва дорувориҳо аъзои ситоди мубориза бар зидди малах макони ҷойгиршавии онро бо заҳрхимикатҳо коркард менамоянд.
Дар ҳудуди ноҳия хуруҷи зиёди малах дар деҳоти Панҷоб ба қайд гирифта шудааст, зеро заминҳои санглохи ин мавзеъ беш аз даҳҳо гектарро ташкил медиҳанд. Бо вучуди коркард бо маҳсулотҳои кимиёвӣ дар давоми се соли охир малах дар ин мавзеъ тухм гузошта, дар нимаи аввали моҳи март пайдо мешавад. Бо сабаби сард омадани мавсими баҳори имсола хуруҷи малах дар ин мавзеъ каме дертар ба қайд гирифта шуд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсати идораи кишоварзии ноҳия ба аъзои ситоди мубориза бар зидди малах ба қадри кофӣ заҳрхимикат ва дорупошакҳо дастрас шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






