Ҳамоиш ба ифтихори 90-солагии Душанбе

Апрель 11, 2014 16:38

Душанбе, 11.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода). Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  бахшида ба 90-солагии шаҳри Душанбе мизи мудаввар доир гардид. Дар он роҳбарон ва устодону кормандони корхонаву муассисаҳои олии таълимӣ,  воқеъ дар ноҳияи Сино, собиқадорони ҶБВ ноҳия ширкат варзиданд. 
Дар ҳамоиш ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  Ашӯрбой Солиев иброз дошт, ки шаҳри Душанбе маркази гирдоварандаи истеъдодҳову мутафаккирон ва шаҳри мутамарказонидаи ғояи миллӣ, маркази фарҳанги тоҷикон аст. Пойтахти мо чун макони ҷараёнгирии рушди давлатдории тоҷикон ва ифодагари пешрафти ҷумҳурии азизамон гардидааст.
Иштирокдорони ҳамоиш перомуни пойтахти кишвар сухан гуфта, иброз намуданд, ки имрӯз Душанбе ба куллӣ  тағйир ёфта, ба маркази илмиву фарҳангӣ  ва иқтисодиву молиявии кишвар табдил ёфтааст. Дар пойтахти кишвар олимону муҳаққиқон ва аҳли илму адаб ҷамъ шуда, ба забони тоҷикӣ  ҷони дубора бахшиданд ва ба он мақоми давлатӣ  доданд. 
Инчунин зикр гардид, ки  мо сокинони Душанбешаҳр бояд маърифати шаҳрнишиниро баланд бардорем, ҳар як кӯчаву хиёбон ва дарахту гулгаштҳои шаҳрамонро  ҳифз намоем. 
 

Апрель 11, 2014 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик