Ҳамоиш ба ифтихори 90-солагии Душанбе
Душанбе, 11.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода). Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба 90-солагии шаҳри Душанбе мизи мудаввар доир гардид. Дар он роҳбарон ва устодону кормандони корхонаву муассисаҳои олии таълимӣ, воқеъ дар ноҳияи Сино, собиқадорони ҶБВ ноҳия ширкат варзиданд.
Дар ҳамоиш ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашӯрбой Солиев иброз дошт, ки шаҳри Душанбе маркази гирдоварандаи истеъдодҳову мутафаккирон ва шаҳри мутамарказонидаи ғояи миллӣ, маркази фарҳанги тоҷикон аст. Пойтахти мо чун макони ҷараёнгирии рушди давлатдории тоҷикон ва ифодагари пешрафти ҷумҳурии азизамон гардидааст.
Иштирокдорони ҳамоиш перомуни пойтахти кишвар сухан гуфта, иброз намуданд, ки имрӯз Душанбе ба куллӣ тағйир ёфта, ба маркази илмиву фарҳангӣ ва иқтисодиву молиявии кишвар табдил ёфтааст. Дар пойтахти кишвар олимону муҳаққиқон ва аҳли илму адаб ҷамъ шуда, ба забони тоҷикӣ ҷони дубора бахшиданд ва ба он мақоми давлатӣ доданд.
Инчунин зикр гардид, ки мо сокинони Душанбешаҳр бояд маърифати шаҳрнишиниро баланд бардорем, ҳар як кӯчаву хиёбон ва дарахту гулгаштҳои шаҳрамонро ҳифз намоем.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






