Ҳамоиши байналмилалӣ ба ифтихори соли бузургдошти Ҷомӣ
Душанбе, 03.04.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Душанбе ҳамоиши байналмилалии илмӣ ба муносибати 600 -солагии Абдураҳмони Ҷомӣ- шоир, мутафаккир ва орифи барҷастаи қарни ХV-и тоҷик баргузор гардад.
Дар он дар радифи олимону пажӯҳишгарон ва ҷомеашиносони тоҷик, инчунин ховаршиносон ва донишмандон аз кишварҳои гуногунии ҷаҳон низ ширкат хоҳанд кард.
Бояд тазаккур дод, ки пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600 — солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014 аз ҷониби созмони бонуфузи фарҳангии ЮНЕСКО пазируфта шуд ва дар ин самт қарори дахлдор қабул гардид. Дар ин росто дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз зимни мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ бо аҳли зиёи кишвар Соли 2014-соли бузургдошти Ҷомӣ эълон шуд.
Қаблан дар солҳои 1964 ва 1989 дар Тоҷикистон 550 ва 575- солагии шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ таҷлил гардид, ки он шаҳодати шӯҳрати ҷаҳонӣ доштани осори гаронмояи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомист.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






