Ҳамоиши байналмилалӣ ба ифтихори соли бузургдошти Ҷомӣ

Апрель 3, 2014 10:40

Душанбе, 03.04.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки дар арафаи таҷлили  Рӯзи забони  давлатӣ дар Душанбе ҳамоиши байналмилалии илмӣ ба муносибати  600 -солагии Абдураҳмони Ҷомӣ- шоир, мутафаккир ва орифи барҷастаи  қарни  ХV-и тоҷик баргузор гардад. 
   Дар он дар радифи олимону пажӯҳишгарон ва ҷомеашиносони тоҷик, инчунин ховаршиносон ва донишмандон аз  кишварҳои гуногунии ҷаҳон низ ширкат хоҳанд кард.
Бояд тазаккур дод, ки пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600 — солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014  аз ҷониби созмони бонуфузи фарҳангии ЮНЕСКО пазируфта шуд ва дар ин самт қарори дахлдор қабул гардид. Дар ин росто дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз зимни мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ бо аҳли зиёи кишвар Соли 2014-соли  бузургдошти Ҷомӣ эълон шуд.
Қаблан дар солҳои 1964 ва 1989 дар Тоҷикистон 550 ва 575- солагии шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ таҷлил гардид, ки он шаҳодати шӯҳрати ҷаҳонӣ доштани осори гаронмояи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомист.

Апрель 3, 2014 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд