Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат

Апрель 23, 2014 17:12

Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз тамоми кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва воҳидҳои тобеи он дар толори кумита ҷамъ омада, бо як руҳияи баланди сиёсӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд. 
Дар воқеъ, ҳар сол нимаи дуюми моҳи апрел мардуми кишвар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна интизоранд ва ин ҳам бесабаб нест.  Паёми Президенти кишвар аз  минбари баланд мазмунан сермуҳтаво, фарогири паҳлуҳои мухталиф — иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, умуман ҳаёт буда, барои ҳар яки мо раҳнамои асосии зиндагӣ мебошад. 
Нуктаҳои алоҳидаи Паём, аз ҷумла “Солҳои охир таваҷҷуҳ ба азхудкунии захираҳои табиии кишварамон зиёд гардида истодааст. Бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ҳоло дар ин соҳа якчанд лоиҳаи азими сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади буҷети давлатӣ ва имкониятҳои содиротии кишвар афзун мегарданд” ба фаъолияти кории мо, кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зич алоқаманд буда, моро водор месозад, ки ҳар як нуктаи Паёмро сармашқи кори худ намуда, онро дар фаъолияти ҳаррўзаамони пурсамар истифода намуда, дастовардҳои назаррасро ноил гардем. 
 
 

Апрель 23, 2014 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик