Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат
Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз тамоми кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва воҳидҳои тобеи он дар толори кумита ҷамъ омада, бо як руҳияи баланди сиёсӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.
Дар воқеъ, ҳар сол нимаи дуюми моҳи апрел мардуми кишвар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна интизоранд ва ин ҳам бесабаб нест. Паёми Президенти кишвар аз минбари баланд мазмунан сермуҳтаво, фарогири паҳлуҳои мухталиф — иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, умуман ҳаёт буда, барои ҳар яки мо раҳнамои асосии зиндагӣ мебошад.
Нуктаҳои алоҳидаи Паём, аз ҷумла “Солҳои охир таваҷҷуҳ ба азхудкунии захираҳои табиии кишварамон зиёд гардида истодааст. Бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ҳоло дар ин соҳа якчанд лоиҳаи азими сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади буҷети давлатӣ ва имкониятҳои содиротии кишвар афзун мегарданд” ба фаъолияти кории мо, кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зич алоқаманд буда, моро водор месозад, ки ҳар як нуктаи Паёмро сармашқи кори худ намуда, онро дар фаъолияти ҳаррўзаамони пурсамар истифода намуда, дастовардҳои назаррасро ноил гардем.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






