Ҳушдори шаҳрдорӣ ба масъулини сохторҳо
Душанбе, 29.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баргузории ҷаласа ба муовинонаш, роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ, хусусан масъулини Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании пойтахтро ҳушдор додааст, ки бо ҷалби иқтидори мавҷуда коршоямии иншооти селпарторо дар пойтахт таъмин сохта, дар ҳамоҳангӣ барои тақвияти фаъолияти ситодҳои амалкунанда тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Инчунин шаҳрдорӣ масъулини Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, навсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе”-ро муваззаф намудааст, ки ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншооти сохтмон, навсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳо бунёди ҷӯйборҳои оҳану бетонӣ ва селпартоҳоро бо инобати иқтидори ғунҷоиши баланди селгузаронӣ тарҳрезӣ намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






